Тарки Губкински Русия аз сӯи коргарони муҳоҷири Тоҷикистон ва Ӯзбакистон
(last modified Fri, 19 Aug 2022 12:02:13 GMT )
Август 19, 2022 17:02 Asia/Dushanbe
  • Тарки бархе манотиқи Русия аз тарафи коргарони муҳоҷири хориҷӣ
    Тарки бархе манотиқи Русия аз тарафи коргарони муҳоҷири хориҷӣ

Тарки маҳалли кор дар шаҳри Губкински Русия аз сӯи коргарони муҳоҷири атбои Тоҷикистон ва Ӯзбакистон ба назар мерасад.

Ба гузориши “Спутник”, дар ҳоле ки вуруди муҳоҷирон дар маҷмуъ ба Русия майли афзоишӣ дорад, бархе минтақаҳои алоҳида аз рафтани коргарони хориҷӣ хабар медиҳанд.

Мақомоти шаҳри Губкинск дар вилояти мухтори Ямало-Ненетс аз афзоиши 3 баробарии хуруҷи муҳоҷирон аз ин минтақа хабар медиҳанд.

Бештар аз ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбакистон тарки кор мекунанд, ки дар минтақа дар бахши муҳоҷирати корӣ бартарӣ доранд.

Мақомот сабаби ба ватан баргаштани хориҷиёнро ноустувории қурби асъор унвон кардаанд.

Ба иттилои манбаъ, дар нимсолаи аввали соли 2022 беш аз 500 коргари муҳоҷир ба Тоҷикистон баргаштаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ҳудуди 3,2 баробар бештар аст.

Ҳамчунин 264 коргари муҳоҷир ба Ӯзбакистон бозгаштаанд.

Ин дар ҳолест, ки гуфта мешавад, ки бисёре аз шаҳрвандони хориҷӣ ба далели ноустувории қурби асъор, зимни интиқоли пул ба мушкил дучор шудаанд. Маҳз ин омил яке аз сабабҳои аслии баргаштани муҳоҷирон ба ватанашон арзёбӣ мегардад.

Дар шаҳр асосан хориҷиён дар бахши сохтмон кор мекунанд. Илова бар ин, шаҳрдории Губкинск гуфтааст, ки дар минтақа фазои мусбати ҳамкории сокинони маҳаллӣ ва меҳмонон вуҷуд дорад.