Ҷон бохтани панҷ нафар бар асари сел дар вилояти Ғазнии Афғонистон
Панҷ нафар бар асари сел дар вилояти Ғазнӣ дар шарқи Афғонистон ҷон бохтанд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, масъӯлони маҳаллӣ дар вилояти Ғазнии Афғонистон эълом карданд бар асари сел дар марказ ва бархе шаҳристонҳои ин вилоят панҷ нафар аз ҷумла ду кӯдак кушта ва панҷ нафари дигар захмӣ шуданд .
Ин ҳодиса илова бар талафоти инсонӣ даҳҳо хонаи маскуниро низ тахриб кардааст .
Идораи ҳавошиносии Афғонистон ҳам ҳушдор дод эҳтимоли боронҳои шадиду сел дар 22 вилояти Афғонистон дар оянда вуҷуд дорад .
Бар асоси гузоришҳо шумори талафоти сел дар як моҳи ахир дар Афғонистон ба ҳудуди 200 нафар расидааст .
Хабари дигар инки бар асари ҳодисаи ронандагӣ дар вилояти Бадахшон дар шимоли шарқи Афғонистони ҳашт нафар кушта ва ду нафар захмӣ шуданд .