Қарзи 200 миллиондолларии Ҷопон ба Узбекистон барои коркарди мева ва сабзиҷот
Давлати Ҷопон барои фароварии мева ва сабзиҷот муодили 200 миллиондоллари қарз ба Узбекистон ихтисос дод.
Ҷамшед Хоҷаев, муовини нахуствазир, вазири сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷии Узбекистон ва Ёсинор Фудзияма, сафири Ҷопон дар Узбекистон тафоҳумномаи «тарҳи тавсеаи занҷираи эҷоди арзиши афзӯда дар бахши мева ва сабзиҷот»-ро имзо карданд.
Илова бар ин, Ҷамшед Хоҷаев ва Китиро Наказава, муовини раиси Ожонси ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон «JIKO» қарордоди қарзиро имзо карданду муддати бозпардохти ин қарз 15 сол аст.
Тарҳ ба арзиши 200 миллион доллар дар чорчӯби барномаҳои ҳамкориҳои эътибории давлати Ҷопон иҷро мешавад.
Ҷопон яке аз бузургтарин сармоягузарон ба иқтисоди Узбекистон аст. Ин кишвар то кунун ба Узбекистон 4 миллиарду 100 миллиондоллар кумаки молӣ ихтисос додааст.