Дидгоҳи коршиносони афғон дар бораи солгарди хуруҷи ишғолгарон
Чанд таҳлилгари афғон бо гиромидошти нахустин солгарди хуруҷи ишғолгарони хориҷӣ аз Афғонистон, роҳи поёни буҳрони иқтисодӣ ва хуруҷ аз инзивои сиёсии кишварро тақвияти равобити минтақаӣ ва байналмилалӣ донистанд.
Рафеъуллоҳи Муҷоҳид, узви ҳукумати Толибон дар гуфтугӯ бо хабаргузории “Садои афғон” гуфт, имрӯз рӯзи озодии кишвар ва натиҷаи муборизаи бистсола бо ишғолгарон аст ва набояд ин фурсатро аз даст дод. Акнун замони бозсозӣ ва тавсеаи Афғонистон аст ва ҳама бояд дар ин масир кумак кунанд.
Бо ин ҳол Абдулҳалим Ҳакимӣ, огоҳи умури сиёсӣ мегӯяд, ҳарчанд имрӯз аз нигоҳи сиёсиву низомӣ як рӯзи таърихӣ аст, аммо хуруҷи неруҳои хориҷӣ фурӯпошии низому тасаллути дубораи Толибон, паёмадҳои ногуворе низ барои мардуми Афғонистон дошта, ки наметавон аз он чашмпӯшӣ кард.
Бархе дигар аз масъулони давлати Толибон ҳам дар паёмҳои ҷудогона 31 августро рӯзи поёни ишғолу оғози хушбахтии мардум дар сояи амнияти саросарӣ дар кишвар унвон кардаанд.