Мамониъати Толибон аз ҳузури шиаёни Афғонистон дар маросими Арбаъини ҳусайнӣ
(last modified Wed, 07 Sep 2022 05:54:59 GMT )
Сентябр 07, 2022 10:54 Asia/Dushanbe
  • Мамониъати Толибон аз ҳузури шиаёни Афғонистон дар маросими Арбаъини ҳусайнӣ

Давлати Толибони Афғонистон аз ҳузури зоирони афғонистонӣ дар маросими Арбаъини Ҳусайнӣ (а) дар Ироқ мамониъат кардааст.

20 сафри 1444 ҳиҷрии қамарӣ (17 сентябри 2022), Арбаъини шаҳодати ҳазрати имоми Ҳусайн (а) ва ёрони бовафои эшон дар саҳрои Карбало аст ва зоирон дар ин рӯз барои ҳузур дар маросими Арбаъини ҳусайнӣ (а) вориди шаҳри Карбало дар ҷануби Ироқ мешаванд.

Муовинати сиёсии раиси давлати Толибони Афғонистон ълом кард, шароити амниятӣ барои зоирони Арбаъини ҳусайнӣ дар Ироқ мусоиди набуда ва эъзоми атбои афғон ба Ироқ хатарнок аст.

Дар ҳамин ҳол, раиси Иттиҳодияи ширкатҳои саёҳатӣ ва зиёратӣ дар Кобул бо таъйиди ин хабар гуфт, вазорати хориҷаи давлати Толибон эълом кард, бино ба мушкилоти Ироқ ва ноамниҳое, ки дар онҷо вуҷӯд дорад ва ҳамчунин бино ба адами тафоҳуномаи давлати Ироқ бо Толибон мабнӣ бар ҳузури зоирини афғонистонӣ ба он кишвар, имсол ҳеҷ зоире аз Афғонистон наметавонад озими Ироқ шавад.

Давлати Толибони Афғонистон ҳушдор дод, агар касе ва ё ширкате аз ҳарҷои Афғонистон ба сӯрати худсар зоир ба Ироқ эъзом кунад, бо бархӯрди ҷиддии ин давлат мувоҷеҳ хоҳад шуд.