Тавофуқи Қазоқистону Қирғизистон дар мавриди тасҳили равияҳои тиҷорӣ
(last modified Sat, 10 Sep 2022 10:03:44 GMT )
Сентябр 10, 2022 15:03 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи Қазоқистону Қирғизистон дар мавриди тасҳили равияҳои тиҷорӣ

Дар дидори вазири тиҷорат ва ҳамгароии Қазоқистон бо муовини нахуствазири Қирғизистон дар мавриди содасозии равияҳои тиҷорӣ байни ду кишвар тавофуқ шуд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, дар чорчӯби тафоҳумномае дар заминаи ҳамкорӣ байни вазорати тиҷорату ҳамгароии Қазоқистону вазорати иқтисодӣ ва тиҷорати Қирғизистон дар мавриди содасозии равияҳои тиҷорӣ, коҳиши ҳазинаи тиҷорату тавсеаи ҳамкорӣ дар табодули асноди электронӣ тавофуқ шуд.

Дар ҷараёни дидори Серик Жумангарин, муовини нахуствазир ва вазири тиҷорат ва ҳамгароии Қазоқистон бо Одилбек Қосималиев, муовини нахуствазири Қирғизистон, ҳамчунин мақомоти аршади ду кишвар бо раванди иҷрои тарҳи муҷтамаи тиҷорӣ ва саноатӣ дар маҳдӯдаи посгоҳҳои роҳи Қара-Су ва Оқ-тиллак ошно шуданд.

Вазири тиҷорату ҳамгароии Қазоқистон, дар чорчӯби сафараш ба Бишкек, ҳамчунин дар дуюмин иҷлоси гуруҳи корӣ дар заминаи ҳамкории тиҷорӣ ва иқтисодии ду кишвар ширкат кард.

Жумангарин дар ин нишаст, Қирғизистонро яке аз шуракои асосии тиҷорӣ ва иқтисодии Қазоқистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ хонд ва гуфт, гардиши тиҷорӣ байни ду кишвар аз январ то июни 2022 болиғ бар 495.7 миллиондоллар буда, ки 5.7 дарсад бештар аз муддати мушобеҳи соли гузаштааст.

Бештар бихонед: