Сентябр 11, 2022 21:14 Asia/Dushanbe
  • Таъсиси идораҳои ҷадид аз сӯи Толибон
    Таъсиси идораҳои ҷадид аз сӯи Толибон

Масъулони Толибон аз таъсиси 6 идора, барҳамдодани 8 идора ва якҷоя кардани 8 идораи дигар дар як соли гузашта хабар доданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хурсон, мавлави Сайфиддин Тоиб, муъовини идораи умури ҳукуматии Толибон дар нишасти хабар гуфт: Дар як соли гузашта барои идора беҳтари умур 8 идора барҳам дода шуд ва 8 идора якҷоя ва 6 идораи ҷадид таъсис кардаем.

Тоиб афзуд: Дар ин муддат идораҳои монанди дафтари шӯрои амнияти миллӣ, Вазорати давлат дар умури парлумонӣ, Луви Ҷерге, камисионҳои интихобот ва шикоятҳо, камисонҳои назорат бар қонуни асоси ва камисионҳои ҳуқуқи башариро аз байн бурдем.

Вай афзуд: Дар ин муддат идораҳои монанди идораи ислоҳоти идорӣ, камисионҳои мубориза бо фасод, идораи ҳавонавардӣ ва идораи органҳои маҳаллӣ, идораи миллӣ ғизо ва дору, идораи танзими умури зиндонҳо, таъсис ва бархе идораҳо ҳам якҷоя шуданд.

 

Барчасп