Раиси Ҷумҳурии Қирғизистон: Ниёз ба эъзоми нерӯи бештар ба марзи бо Тоҷикистон нест
(last modified 2022-09-19T16:04:27+00:00 )
Сентябр 19, 2022 21:04 Asia/Dushanbe
  • Раиси Ҷумҳурии Қирғизистон: Ниёз ба эъзоми нерӯи бештар ба марзи бо Тоҷикистон нест
    Раиси Ҷумҳурии Қирғизистон: Ниёз ба эъзоми нерӯи бештар ба марзи бо Тоҷикистон нест

Раиси Ҷумҳурии Қирғизистон хостори оромиши мардум ва нерӯҳои низомии ин кишвар шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Райтерз (хабари асли дар Райтезро инҷоро бубинед) Садир Ҷаборов, раиси Ҷумҳурии Қирғизистон бо ишора ба даргириҳои шадиди нерӯҳои марзии кишвараш бо неруҳои марзии Тоҷикистон зимни даъвати мардум ва низомиёни кишвараш ба оромиш эълом кард: Лозим нест нерӯи бештар ба марз эъзом шаванд.

Садир Ҷаборов аз мардуми кишвараш хост ба артиш ва шарикони роҳбурдии Қирғизистон эътимод кунад ва афзуд: Пас аз даргириҳои маргбори ҳафтаи гузашта дар марзи бо Тоҷикистон ниёзи ба нерӯҳои довталаб дар марзи бо Тоҷикистон нест.

Ҳудуди 94 нафар байни 14 то 16 сентябр дар даргири дар бахши мавриди муноқишаи марзи дар вилояти Ботканди Қирғизистон бо Тоҷикистон кушта шуданд.

Ҷаборов аз қирғизҳо хост ба таҳриккунандагоне, ки ба шарикони стратежикии мо, миллатҳои дуст ва мардуме, ки дар мавқеъияти мо муштарак ҳастанд туҳмат мезананд эътимод накунанд.

Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳарду муттаҳиди Маскав ҳастанд ва мизбони пойгоҳҳои низомии Русия ҳастанд, Русия аз ҷонибдори дар муноқиша иҷтиноб кард ва аз тарафайн хоста аст, ки онро ба сурати мусолематомез ҳал кунанд.