Баргузории интихоботи зӯдҳангом дар Қазоқистон
(last modified Thu, 22 Sep 2022 05:04:04 GMT )
Сентябр 22, 2022 10:04 Asia/Dushanbe
  • Баргузории интихоботи зӯдҳангом дар Қазоқистон

Раисиҷумҳури Қазоқистон таърихи баргузории интихоботи зӯдҳангоми раёсатҷумҳуриро ноябри соли ҷорӣ эълом кард.

Қосим Ҷомарт Тоқаев 1 сентябри соли ҷорӣ ваъдаи баргузории интихоботи зӯдҳангоми раёсатҷумҳурӣ дар тирамоҳи соли ҷориро дода буд. Тоқаев имрӯз таърихи дақиқи раъйгириро эълом кард.

Раисиҷумҳури Қазоқистон, ҳукми баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии Қазоқистон дар таърихи 20 ноябри 2022-ро имзо кард.

Ёдовар мешавем, ки 19 марти соли 2019 президенти вақти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аз мақоми раҳбари давлат истеъфо дод. Аз 20 марти соли 2019 бар асоси Конститутсия раиси Сенат Қосимҷомарт Тоқаев раиси ҷумҳурӣ шуд.

Дар моҳи июни ҳамон сол интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор шуд, ки дар он оқои Тоқаев бо натиҷаи 70,9%-и оро пирӯз шуд.