Таҳлил: Ҳафтуми октябр солрӯзи ҳамлаи Амрико ба Афғонистон, ёдовари ҷиноёти Амрико
Ҳафтуми октябр солрӯзи ҳамлаи Амрико ба Афғонистон дар соли 2001 ёдовари ҷиноёти амрикоиҳо ва муттаҳидони он дар Афғонистон аст.
Бар асоси оморҳои мунташир шуда дар ду даҳҳаи ишғолии ин кишвар аз сӯйи Амрико 71 ҳазор ғайри низомии афғон аз сӯйи низомиёни амрикоии кушта шудаанд, ки ба назар мерасад оморҳо бисёр бештар аз ин аддад бошад. Зеро ба далели сонсурҳои хабари, ки аз сӯйи маҳофили хабарии ғарбӣ эъмол шудааст, иттилооти чандоне дар мавриди омору мизони дақиқи ҷоноёти нерӯҳои амрикоӣ ва Созмони паймони атлантики шимолӣ (НАТО) дар Афғонистон дар даст нест.
Бо ин ҳол бо даста бандии оморҳо ва иттилооте, ки аз сӯйи расонаҳоии мустақил ва мутобеъи Созмони Милли мунташир шуд метавон ба умқи ҷинояти Амрико дар Афғонистон дар ду даҳҳаи гузашта пай бурд.
Мавлавӣ Муфлаҳ коршиноси афғон дар ин бора мегӯяд: "Амрико ба баҳонаи муқобила бо терроризм ва барқарори ба истилоҳи амниятӣ дар Афғонистон ба ин кишвар ҳамла ва онро ишғол кард. Ин дар ҳоле аст, ки худи Амрико дар ду даҳҳаи гузашта ба бузургтарин омили терроризм дар Афғонистон табдил шуд ва фасоду ҷиноят, танҳо дастоварди нерӯҳои низомии амрикоӣ дар Афғонистон будааст".
Истифода аз бомбҳои модар ва хушаӣ, истифода аз бомбҳои фесфери, ки ҳанӯз осор ва авоқиби он бар ҷисму руҳи мардуми Афғонистон дида ва гуфта мешавад наслҳои баъди аз мардуми ин кишвар низ аз осору авоқиби он дар ранҷу азоб хоҳанд буд дар канори буридани ангуштони аҷсоди афғон барои тафреҳ ва дар даст доштани омори куштаҳо аз сӯйи низомиёни ишғолгар танҳо гушае аз ҷиноёти онон дар Афғонистон аст.
Абдулатифи Назарӣ мудариси Донишгоҳи Афғонистон дар ин бора мегӯяд: Амрикоиҳо барои миллатсозӣ ба Афғонистон наёмадаанд, балки ҳадафи онҳо табдили ин кишвар ба пойгоҳое барои ҷосусӣ аз кишварҳои минтақа буд. Ба ҳамин далел ҳеч қадаме барои беҳбуди вазъияти мардуми Афғонистон барнадоштаанд ва ончӣ монда вайронае беш нест.
Дар ҳар ҳол, ҳафтуми октябр ёдовари ҷиноёти амрикоиҳо ва муттаҳидони он дар ду даҳҳаи ишғоли Афғонистон ҳаст, ки ба шакли таърихӣ дар инзиҳони мардуми ин кишвар боқӣ хоҳад монд. Ҷиноёте, ки осори он ба шакли рӯҳи ва ҷисми бар наслҳои ояндаи Афғонистон ба унвони намоде аз ишғол ва ҷиноёти системотики Ғарб худнамоӣ хоҳад кард. Ба ҳамин далел мардуми Афғонистон аз ин рӯз ба унвони рӯзи сиёҳ ёд мекунанд.
Ба рағми инки Амрико иддао мекунад ба ишғоли Афғонистон поён дода аммо ҳамчунон бо истифода аз ҳамалоти ҳавоӣ ва мушакӣ ба куштори мардуми Афғонистон идома медиҳад. Ин бадон маъно аст, ки Амрико ҳеҷ арзише барои ҷону моли мардуми Афғонистон қобил нест, аз инвар мардуми ин кишвар интизор доранд наҳодҳои ҳуқуқии мустақили байналмиллалӣ барои расидаги ба ҷиноёти нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон вориди амал шуда ва иҷоза надиҳанд хуни даҳҳо ҳазор мардуми мазлуми Афғонистон бозичаи амрикоиҳо ва муттаҳидни он қарор гиранд.
Агар чӣ додгоҳи низомии Амрико бархе аз низомиёни ҷиноёткори ин кишварро дар зоҳир ба додгоҳ фароҳ хонд аммо мардуми Афғонистон ҳеҷ ҳукми додгоҳи низомии Амрикоро дар маҳкумияти ҷиноёткорони ин кишвар мушоҳида накардаанд. Интизоре, ки баназар мерасад ҳаргиз амалӣ шавад.