Эрон интиқоли коло аз тариқи роҳи оҳан ба Афғонистонро оғоз мекунад
(last modified Mon, 10 Oct 2022 04:47:51 GMT )
Октябр 10, 2022 09:47 Asia/Dushanbe
  • Роҳи оҳани Хоф - Ҳирот
    Роҳи оҳани Хоф - Ҳирот

Расонаҳои Афғонистон эълом карданд, ки роҳи оҳани Ҳирот - Хоф то ду моҳи оянда такмил шуда ва қарор аст Эрон интиқоли коло аз ин тариқро ба Афғонистон оғоз кунад.

Ба гузориши «Форс», Идораи роҳи оҳани Афғонистон эълом кардааст, ки кори таъмири хати оҳани Хоф - Ҳирот ба суръат идома дорад ва то ду моҳи оянда такмил мешавад.

Ҳамчунин расонаҳои Афғонистон гуфтаанд, ки ҳамзамон бо такмили хати оҳани Хоф – Ҳирот, Эрон қавл додааст то интиқоли коло аз ин тариқ ба Афғонистонро дар ояндаи наздик оғоз кунад.

Қарор аст роҳи оҳани Хоф – Ҳирот солона 6 миллион тон бор ва як миллион мусофирро ҷобаҷо кунад ва на танҳо тиҷорати Афғонистон бо Эронро тақвият мекунад, балки аҳамияти зиёде барои соири кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон, Қирғизистон, Чин ва Ҳинд дорад.

Ин масири роҳи оҳан бахше калидӣ аз пружаи 2 миллиарддолларии каридори роҳи оҳани панҷ кишвар (FNRC) аст. Пружаи каридори хати оҳани панҷ кишвар эҳдоси як хати роҳи оҳани убуркунанда аз кишварҳои Чин, Қирғизистон, Тоҷикистон, Афғонистон ва Эронро пешбинӣ мекунад, ки бо идома ба Туркия хоҳад расид. Ин хати оҳан кишварҳои ёдшударо на танҳо ба якдигар, балки ба Аврупо муттасил хоҳад кард.

Илова бар хати оҳани Хоф – Ҳирот, Узбакистон, Покистон ва Афғонистон низ иқдомоти амалии сохт хати рейлии «Транс-афғон» бо ҳадафи барқарории иртибототи рейлӣ байни Тирмиз ва Пешоварро оғоз карданд.