Сафари вазири дифои Толибон ба вилояти Панҷшер
(last modified Sat, 15 Oct 2022 12:30:55 GMT )
Октябр 15, 2022 17:30 Asia/Dushanbe
  • Сафари вазири дифои Толибон ба вилояти Панҷшер

Вазири дифои ҳукумати Толибон бо сафар ба вилояти Панҷшер, бо нерӯҳои амниятии мустақар дар ин вилоят дар шимоли шарқи Афғонистон дидор кард.

Бо гузашти беш аз яксол аз қудрат гирифтани дубораи Толибон дар Афғонистон, нерӯҳои мухолифи мусаллаҳ мавсӯм ба Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба раҳбарии Аҳмад Масъӯд, фарзанди Аҳмадшоҳи Масъӯд, қаҳрамони даврони ҷиҳод бо ишғолгарон, дар Панҷшер бо ҳукӯмати Толибон даргир ҳастанд.

Нерӯҳои муқовимати мухолифати сиёсатҳои якҷонибаи Толибон ва хостори ташкили давлати фарогир ҳастанд.
Мавлавӣ Муҳаммадёқуб Муҷоҳид, вазири дифо дар Панҷшер дар дидор бо низомиёни мустақар дар ин вилоят гуфт, душманони низом мехоҳанд ба номи самт ва қавм иттиҳоди мардумро барҳам бизананд.
Вазири дифои Толибон афзуд, душманони мардум дар баробари иродаи қавӣ ва ангезаи нерӯҳои Толибон пирӯз нахоҳанд шуд.