Тақвияти равобити тиҷорӣ дар дастури кори Қирғизистон ва Амрико
Нахуствазири Қирғизистон бо раёсати ҳайати тиҷории Қирғизистон ва Амрико дар Бишкек дидор ва дар мавриди тақвияти равобити тиҷорӣ миёни ду кишвар гуфтугӯ кард.
Оқилбек Ҷабборов, нахуствазири Қирғизистон бо Филипп де Леон, раёсати ҳайати тиҷории Қирғизистон ва Амрико дар Бишкек дидор кард.
Дар ин дидор нахуствазир хотирнишон кард, дар сафаре корӣ ба Амрико дар соли ҷорӣ аз намояндагони бозаргонони амрикоӣ барои сафаре мутолеотӣ ба Қирғизистон даъват кардам.
Вай ҳамчунин ибрози умедворӣ кард, ки дар тӯли ин маъмурият, намояндагони ширкатҳои амрикоӣ фурсати баррасии дақиқтарро барои тиҷорат ва сармоягузории Қирғизистон дошта бошанд ва бо барқарории дидорҳои дуҷонибаи сӯдманд бо маҳофили тиҷории ин кишвар фурсатро ғанимат шумурда ва мутолиоти худро такмил кунанд.
Оқилбек Ҷабборов бо ишора ба инки як чорчӯби қонӯнии либерол дар кишвар дар хусӯси ҳимоят аз ҳуқуқи сармоягузорони хориҷӣ эҷод шудааст, афзуд, Содир Ҷабборов, раисиҷумҳури Қирғизистон қонӯни саноати халлоқро имзо кард ва Қирғизистон аввалин кишвар дар ин замина шуд.
Филипп де Леон низ ба навбаи худ хотирнишон кард, ки ҳадафи аслии эҷоди ин созмон тавсеаи равобити тиҷорӣ байни ду кишвар аст.
Вай гуфт, мо омодаи ҳимоят аз ибтикорот бо ҳадафи тақвияти равобити тиҷорӣ ва иқтисодӣ байни ду кишвар ҳастем.
Дар ин дидор тарафайн дар мавриди имкони ҳамкории мутақобилу густариши тавлид дар Қирғизистон гуфтугӯ карданд.
Шӯрои тиҷории Иёлоти муттаҳида ва Қирғизистон як сохтори ғайриинтифоӣ, як анҷумани тиҷории хусӯсӣ ва мустақил аст. Ҳадафи он иртиқои равобити тиҷорӣ ва сармоягузорӣ байни Иёлоти муттаҳида ва Қирғизистон аст.