Октябр 31, 2022 11:38 Asia/Dushanbe
  • Пешниҳоди Мирзиёев барои эҷоди кумитаи ҳамкориҳои иқтисодии « Аврупо ва Осиёи Марказӣ »

Раиси ҷумҳӯри Узбекистон пешниҳоди эҷоди кумитаи ҳамкориҳои иқтисодии « Аврупо ва Осиёи Марказӣ » дар сатҳи муовинони нахуствазир ва ҳамчунин тавсеаи пайванди нақлиётӣ бо Иттиҳодияи Аврупоро матраҳ кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,Шавкат Мирзиёев-раиси ҷумҳӯри Узбекистон илова бар ин  ба тарафи аврупоӣ пешниҳод кард то дастури кори сабз иттихозшуда дар минтақаи мо аз ҷумла ба коргирии навовариҳои зистмуҳитӣ, фанновариҳои энержии коромад ва сарфаҷӯӣ дар манобеъ, рақамисозии бахшҳои иқтисодӣ ва тавсеаи кишоварзии ҳушманд аз тариқи шабакаҳои Smart – AKIS ва истифода аз потенсиали манобеи энержии таҷдидпазирро ба таври фаъол иҷро кунад .
Раиси ҷумҳӯри Узбекистон дар заминаи фарҳангӣ низ бар зарурати ташдиди ҳамкориҳо дар мубодилоти омӯзишӣ ва навоварӣ, равобити фарҳангӣ ва гардишгарӣ ишора кард . Дар чорчуби барномаҳои Erasmus + ва Horizon Europe иҷрои равишҳои омӯзишии пешрафтаи аврупоӣ ва ҳамчунин созмондиҳии таҳқиқоти бунёдӣ ва корбурдии муштарак пешниҳод шуд .
Мирзиёев ҳамчунин изҳор дошт : Ба манзури ошноии густардаи шарикони аврупоӣ бо мероси торихии беназир, фарҳангу суннатҳои ғании мардуми минтақа барномарезӣ мешавад,ки дар нимаи дувуми моҳи ноябри соли ҷорӣ дар музейи Луври Порис маросимҳои намойишгоҳӣ баргузор шавад . Мо аз баргузории муштараки чунин маросиме ба сурати солона дар пойтахтҳову марокизи фарҳангии кишварҳои аврупоӣ ҳимоят мекунем .

 

Барчасп