Вокуниши Толибон ба тахриби мазори Аҳмадшоҳи Масъуд
Сухангуи давтаи мувақати Толибон дар вокуниш ба тахриби муҷадади санги мазори Аҳмадшоҳи Масъуд гуфт: Ба неруҳои худ иҷозаи тавҳин ба касеро намедиҳем.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон пас аз эъломи таъриби муҷаддади санги мазори Аҳмадшоҳи Масъуд аз суи манобеъи маҳалли дар вилояти Панҷшер, Забиюлло Муҷоҳид сухангуи давлати мувақати Толибон эълом кард: Тахриби мақбараи Аҳмадшоҳи Масъуд тавассути неруҳои толибон як хабари беасос аст ва мо ба сарбозони худ иҷозаи тавҳин ба касеро намедиҳем.
Яке дигар аз мақомоти Толибон низ дар тввитери навишт: Ин кор барои эҷоди ихтилоф ва ташдиди танишҳо дар вилояти Панҷшер анҷом шуда аст.
Дар байни вилоятҳои Афғонистон Панҷшер танҳо вилояте аст, ки дар он ҳамчунон муборизоти мусаллаҳона бо неруҳои Толибон гузориш мешвад.
Раҳбарии ин муборизотро фарзанди Аҳмадшоҳи Масъуд бар уҳда дорад.