Тавофуқи Узбакистон ва Қирғтзистон бар сари мудирияти махзани обии Қанбаробод
(last modified Mon, 07 Nov 2022 09:28:27 GMT )
Ноябр 07, 2022 14:28 Asia/Dushanbe
  • Дар ин сафар вазири умури хориҷаи Ҷумҳӯрии Узбакистон низ бо Содир Ҷаборов Раиси Ҷумҳӯрии Қирғизистон низ дидор кард
    Дар ин сафар вазири умури хориҷаи Ҷумҳӯрии Узбакистон низ бо Содир Ҷаборов Раиси Ҷумҳӯрии Қирғизистон низ дидор кард

Дар дидори мақомоти Қирғизистон ва Узбакистон тавофуқномае дар мавриди мудирияти манобеи обии махзани Қанбаробод имзо шуд.

Владимир Норов вазири умури хориҷаи Узбакистон таи сафари расмии худ ба Бишкек бо ҳамтои Қирғизи худ дидор ва гуфтугӯ кард.

Тарафайн дар мавриди мавзуъотии килиди дар тавсиаи равобити дуҷониба, чашмандози густариш ва таъмиқи сармоягузории, фарҳангӣ, башардустона ва мавзуъоти минтақаӣ ва байналмиллалӣ табодули назар карданд.

Дари ин дидор, ду тараф омодасозии сафари давлатии ояндаи Шавкат Мизиёев Раиси Ҷумҳӯри Узбакистон тамаркуз карданд.

Вавзири умури хориҷа бо ташддиди баррасии муҳтавои ин сафар бо таъкид бар иртиқои ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ ва иҷроии пружаҳои бузурги сармоягузори мувофиқат карданд.

Дар идомаи музокирот, тарафайн мувофиқатномае дар мавриди бахшҳое аз марзи давлатии Қирғизистон ва Узбакистон имзо карданд, ки шомили мудирияти муштараки манобеӣ обии махзани Қанбаробод ва тавофуқномаи байни хадамоти об, зери назари Вазорати киҳшоварзии Қирғизистон ва Вазорати обӣ Узбакистон мешавад.

Дар ин сафар вазири умури хориҷаи Ҷумҳӯрии Узбакистон низ бо Содир Ҷаборов Раиси Sумҳӯрии Қирғизистон низ дидор кард.

Раиси Ҷумҳӯрии Қирғизистон бо ишора ба ин, ки равобити дукишвар дар рӯҳияи дустӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва мушорикати роҳбӯрди ба сурати пуё дар ҳоли тавсиа аст, тасреҳ кард, ки ҳадафи мо густариш ва таҳмиқи ҳарчӣ бештари ҳамкорҳои дукишвар бар асоси меъроси таърихӣ, фарҳангӣ муштарак ва суннатҳо ва арзишҳои забонӣ ва маънавӣ аст.