Ниёзи 24 миллион нафар дар Афғонистон ба кумак
(last modified Wed, 09 Nov 2022 08:31:35 GMT )
Ноябр 09, 2022 13:31 Asia/Dushanbe
  • Барои расидаги ба ниёзмандон дар Афғонистон ба ҳимоятҳои қавитари байналмиллалӣ ниёз аст
    Барои расидаги ба ниёзмандон дар Афғонистон ба ҳимоятҳои қавитари байналмиллалӣ ниёз аст

Салби Сурх аз ниёзи 24 миллион нафар ба кумакҳои башардустона дар Афғонистон дар остонаи фасли сармо хабар дод.

Бар асоси гузоришҳои байналмиллалӣ, бештарин осеб дар бист соли ишғолгарии Амрико дар Афғонистон ба мардуми ин кишвар ворид шудааст ва дар ҳоли ҳозир низ борҳо Созмонҳои байналмиллалӣ дар хусуси гурӯснагии мардуми ин кишвар ҳушдор додаанд. Ин дар ҳоле аст, ки Амрико ҳамакнун ба баҳонаҳои воҳи ҳудуди 10 миллиард аз дороиҳои мардуми Афғонистонро блук кардааст.

Ба гузориши Садои Хуросон, Илво Файлон, раиси дафтари Салиби Сурх дар Афғонистон дар саҳифаи Твиттераш навишт: Бо фарорасидани фасли зимистон, вазъияти башарӣ дар Афғонистон бадтар хоҳад шуд.

Ин мақоми кумитаи байналмиллалии Салиби Сурх гуфт: Барои расидаги ба ниёзмандон дар Афғонистон ба ҳимоятҳои қавитари байналмиллалӣ ниёз аст. Дар айни ҳол ин кумита дар  гузорише гуфтааст, ки  дар ҳоли ҳозир, наздик ба 20 миллион нафар ба кумакҳои башардустона ниёд доранд.

Ба гуфтаи ин кумита занони бидуни шавҳар ва кӯдакони ятим муҳимтарин қишри осебдидагони бӯҳрони башарии кунуни дар Афғонистонанд ва дар бисёри маворид онон қодир ба хурдани ҳатто як ваъда хуроки муносиб дар рӯз нестанд.

Ин кумита бори дигар таъкид кардааст, ки пас аз ҳокимияти Толибон дар Афғонистон 700 ҳазор нафар шуғлашонро аз даст додаан.

Бештар бихонед: