Сел дар Бадахшони Афғонистон
(last modified Thu, 10 Nov 2022 13:05:05 GMT )
Ноябр 10, 2022 18:05 Asia/Dushanbe
  • Сел дар Бадахшони Афғонистон

Сел дар вилояти Бадахшони Афғонистон хисороти молӣ ва ҷонии зиёде барҷой гузоштааст .Афғонистон дар моҳҳои гузашта шоҳиди вуқуъи ҳаводиси табиӣ аз ҷумла сел ва зилзила буда, ки хисорати сангини молӣ ва ҷонӣ ба мардуми ин кишвар ворид шудааст .

Ба гузориши рӯзи панҷшанбеи хабаргузории Садои Афғон ( ОВО ), гузоришоти расида ҳокист бар асари сел дар манотиқи мухталифи вилояти Бадахшон дар шимолу шарқи Афғонистон маҳсӯлоти зироатии зиёд аз байн рафта, хонаҳо вайрон шуда ва ҷодаҳову заминҳои кишоварзӣ низ тахриб шудааст .
Ҳануз омори дақиқе аз талафоти ҷонӣ ва молӣ бар асари вуқуъи ин сел эълом нашудааст .
Аз сӯии дигар манобеъ аз бориши барф дар бархе манотиқи вилояти Бадахшон хабар додаанд .
Ин рӯзҳо мардуми Афғонистон авзоъи хубе надоранд ва бо буҳрони молӣ ва иқтисодии ношӣ аз бист сол ишғолгарии низомиёни Амрико ва ҷанг  мувоҷеҳ ҳастанд ва Толибон, ки аз моҳ августи соли 2021 қудратро дар Афғонистон ба даст гирифтаву вориди яксолагии ҳукумати худ шуда аст, наметавонад ба мардуми селзада ин кишвар ба хубӣ кумакрасонӣ кунад .