Толибон: Афғонистон таҳдиде зидди ҳеҷ кишваре нест
Мақомоти давлати Толибон дар Афғонистон таъкид карданд, ҳарими ҳавоӣ ва заминии ин кишвар таҳдиде зидди ҳеҷ кишваре нест.
Абдуссалом Ҳанафӣ, муовини идории раиси давлати Толибони Афғонистон дар дидори Ториқ бин Бахит, намояндаи вижаи Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ дар умӯри Афғонистон дар Кобул гуфт, сиёсати хориҷии Толибон ин аст, ки ба ҳеҷ касу кишваре иҷоза намедиҳад, ки зидди кишварҳои ҳамсоя, ҷаҳон ва кишварҳои исломӣ аз хоки Афғонистон истифода кунад.
Дар ҳамин ҳол Муҳаммадяъқуб Муҷоҳид, сарпарасти вазорати дифои давлати Толибон низ дар дидор бо намояндагони Созмони Ҳамкории Исломӣ дар Кобул итминон дод аз хоки Афғонистон зидди ҳеҷ кишваре истифода нахоҳад шуд.
Дар ҳамин ҳол, Мулло Муҳаммадҳасан Охунд, раиси давлат ва Сироҷиддин Ҳаққонӣ, вазири дохилии Толибон низ бо намояндагони Созмони Ҳамкории Исломӣ дар Кобул дидору гуфтугу кардааст.
Чанд рӯзи қабл дафтари Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ бо ҳузури вазири умури хориҷа ва дигар мақомҳои давлати Толибон ва ҳамчунин сафирони кишварҳои узви ин созмон дар кобул бозгушоӣ шуд.