Ҷамоварии 197 миллиард афғонӣ даромад дар Вазорати молияи Афғонистон
Раиси умумии даромади Вазорати молия мегуяд, ки аз оғози руи кор омадани Иморати исломӣ то кунун ин вазоратхона 197 миллиард афғонӣ даромад ҷамовари карда аст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммадмеъроҷи Меъроҷ, раиси умумии даромади вазоратхонаи молияи Толибон гуфт: Даромади Вазорати молия бистари аз масрафҳои ҳукумат аст.
Меъроҷ бо ишора ба буҳрони иқтисодӣ дар Афғонистон гуфт: Ҷомеъаи ҷаҳонӣ омили густариши ин буҳрон аст, аммо Вазорати молия ирода дорад то мушкилоти иқтисодии мавҷуд дар кишварро ҳал кунад.
Раиси умумии даромади Вазорати молия афзуд: Мо ба касе дасти гадоӣ дароз намекунем мо Афғонистонро бо дастҳои худ месозем, бо дастҳои мардум месозем кишварҳои хориҷӣ мехоҳанд моро бо бадбахти ру ба ру созанд онҳо талош карданд, ки низоми иқтисодӣ ва тиҷоратии моро фалаҷ кунанд, аммо то имруз бо он муқобила кардаем ва бо гузашти ҳар руз вазъияти мо беҳтар мешавад.
Ин мақоми Вазорати молия ҳамчунин таъкидҳ кард фасоди молӣ дар идораҳои одиёти ин Вазорат ба сифр расида аст ба гуфтаи вай бистари идораҳои молиёти ба системаҳои пешрафтаи электроники пайваст аст.