Кумаки нақдии ЮНИСЕФ ба хонаводаҳои афғонистонӣ
(last modified Wed, 23 Nov 2022 08:04:08 GMT )
Ноябр 23, 2022 13:04 Asia/Dushanbe
  • ЮНИСЕФ афзӯд, зимистони  пеш рӯ фақат шароитро бадтар хоҳад кард
    ЮНИСЕФ афзӯд, зимистони пеш рӯ фақат шароитро бадтар хоҳад кард

Сандуқи байналмиллалии ҳимоят аз кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид ЮНИСЕФ эълом кард, ки дар зимистони имсол ба 111 ҳазор хонаводаи афғон кумаки нақди мекунад.

Ба гузориши Садои Хуросон, ЮНИСЕФ рӯзи сешанбе дар Твиттер навишт: Кумакҳои нақди яке аз муҳиматрин роҳҳо барои ҳимоят аз хонаводаҳои афғон аст.

Ин ниҳоди байналмиллали афзӯд: Дар Афғонистон миллионҳо нафар қодир ба таъмини ниёзҳои авалияи хонаводаҳои худ нестанд.

ЮНИСЕФ афзӯд, зимистони  пеш рӯ фақат шароитро бадтар хоҳад кард.

Кумаки нақдии ЮНИСЕФ ба хонаводаҳои афғон дар ҳоле аст, ки раиси бахши амалиётии Кумитаи байналмиллалии Салиби Сурх якшанбеи гузашта бо ишора ба зимистони пеш рӯ гуфт: Мардуми Афғонистон дар маърази фақри шаддид ва бемори қарор доранд.

Мартин афзӯд: ба далели солҳо ҷанг ва мушкилоти иқтисодӣ, зиндагии марудми Афғонистон ба шиддат таҳти таъсир қарор гирифта аст.

Раиси  Сандуқи Созмони Миллали Муттаҳид  дар Афғонистон низ дар хусуси камбуди васоили гармоиши дар ин кишвар бо таваҷӯҳ ба фарорасидани фасли сармо, ҳушдор доду гуфт: 79 дарсади мардуми ин кишвар ба васоили гармоиши дастарсӣ надоранд.

Бештар бихонед: