Азми Фаронсаву Узбекистон барои иҷрои 1 миллиард евро тарҳи муштарак
(last modified Thu, 01 Dec 2022 12:57:03 GMT )
Декабр 01, 2022 17:57 Asia/Dushanbe
  • Азми Фаронсаву Узбекистон барои иҷрои 1 миллиард евро тарҳи муштарак

Мақомоти Узбекистону Ожонси тавсеаи Фаронса барномаи ҷадиди ҳамкориҳои роҳбурдӣ то соли 2025-ро имзо карданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин тарҳҳо дар заминаҳои кишоварзӣ, энержӣ, иқтисоди « сабз », тавсеаи шаҳрӣ, таъмини об, бахши бонкиву молӣ ва ҳамлу нақл аст.
Дар моҳи маи соли гузашта тавофуқномае дар  Тошканд имзо шуд, ки бар асоси он Ожонси тавсеаи Фаронса барномарезӣ карда маболиғро дар қолаби вом, кумаки фаннӣ ва кумакҳои билоиваз барои ҳимоят аз ислоҳот дар Узбекистон ироа кунад .
Ҳамакнун дар Узбекистон 16 ширкат бо сармояи сармоягузорони Фаронса фаъолият мекунанд .
Фаронса истиқлоли Узбекистонро 3 январи 1992 ба расмият шинохт.