Кумаки 2 миллиарддолларии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Афғонистон
(last modified Fri, 16 Dec 2022 13:06:31 GMT )
Декабр 16, 2022 18:06 Asia/Dushanbe
  • Кумак ба Афғонистони таҳти ҳимояти Толибон
    Кумак ба Афғонистони таҳти ҳимояти Толибон

Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз замони ба қудрат расидани гуруҳи Толибон дар Афғонистон, аз августи соли гузашта то кунун, ҳудуди ду миллиард доллар ба мардуми ин кишвар кумак кардааст.

Бонки марказии Афғонистон аз расидани бастаи дигари кумаки нақдӣ ба арзиши 40 миллион доллар ба Кобул хабар дод.

Ин панҷоҳуякумин бастаи пули нақд буд, ки ба Афғонистони таҳти ҳокимияти Толибон кумак шудааст.

Бар асоси баёнияи Бонки марказии Афғонистон, аз ибтидои ҳокимияти Толибон аз 15 августи соли 2021 то кунун ҳудуди ду миллиард доллар ба Афғонистон кумак шудааст.

Бо тавваҷуҳ ба кумаки ҳудуди 2 миллиарддолларии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Афғонистон, аммо дар зиндагии мардум тағйири мусбате падид наёмада ва ҳатто вазъият ба сӯи бадтар шудан дар ҳаракат аст.

Бар асоси омори ҷадиди ниҳодҳои имдодрасонии марбут ба Созмони Милали Муттаҳид, шумори ниёзмандон ба маводи ғизоӣ дар Афғонистон тайи соли 2023 ба беш аз 28 миллион нафар хоҳад расид, ки 10 миллион афзоишро дар муқоиса бо соли 2021 нишон медиҳад.

Идораи ҳимоят аз кӯдакони ҳам ҳафта гузашта гуфт ки ҳудӯди 15 миллион кӯдак дар Афғонистони ниёзманди ғизо дар сол оянда хоҳанд буд ки ба ин тартиб ، мавориди сӯъи тағзияи кӯдакон низ афзоиш хоҳад ёфт.