Муҳокимаи шаҳрванди Озарбойҷон ба иттиҳоми ҷосуси барои Ереван
(last modified Mon, 26 Dec 2022 15:18:51 GMT )
Декабр 26, 2022 20:18 Asia/Dushanbe
  • Муҳокимаи шаҳрванди Озарбойҷон ба иттиҳоми ҷосуси барои Ереван
    Муҳокимаи шаҳрванди Озарбойҷон ба иттиҳоми ҷосуси барои Ереван

Додгоҳи дар пойтахти Ҷумҳурии Озарбойҷон имруз душанбе муҳокимаи яке аз шаҳрвандони ин кишвар бо иттиҳоми ҷосуси барои Арманистонро оғоз кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, дар буҳбуҳаи ташдиди танишҳо байни Боку ва Ереван Ойдин Закиев шаҳрванди Ҷумҳурии Озарбойҷон ба иттиҳоми ҷосуси барои Арманистон муҳокима мешавад.

Аввалин ҷаласаи муҳокимаи Закиев, ки ба гуфтаи манобеъи огоҳ иттиҳомоти зиёди дар парвандаи вай дарҷ шуд имруз душанбе баргузор шуд.

Ба тасмими ин додгоҳ мутаҳам аз боздошгоҳи амниятӣ ба боздоштгоҳи макази таҳқиқот мунтақил мешавад. Дар аввалин ҷаласаи додогоҳ таърихи 9 январи соли 2023 ба унвони ҷаласаи алании муҳокимаи Закиев таъин шуд.

Ба гуфтаи мақомоти амниятии таҳти амри Боку Закиев бо мақомоти иттилоъотии Арманистон махфиёна ҳамкори дошт ва мушахасоти бархе афроди истихдомшуда дар неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Озарбойҷонро ба тарафи арманӣ таҳвил дода аст.

Муҳокимаи ин шаҳрванди Ҷумҳурии Озарбойҷон бо ташдиди танишҳо байни Боку ва Ереван дар пайи тасаруфи ҷодаи Қарабоғи куҳистонии Арманистон тавасути низомиёни озарӣ ҳамзамон шуда аст.

Аз назари Арманистон каридури Олтин тавассути неруҳои иттилоъотӣ ва амниятии Ҷумҳурии Озарбойҷон ишғол шуда аст.

Ин дар ҳоле аст, ки Боку ин иқдомро ба тарафдорони муҳити зист нисбат дода аст.