Баргузории нишасти ғайрирасмии сарони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Русия
(last modified Tue, 27 Dec 2022 10:02:20 GMT )
Декабр 27, 2022 15:02 Asia/Dushanbe
  • Баргузории нишасти ғайрирасмии сарони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Русия
    Баргузории нишасти ғайрирасмии сарони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Русия

Нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба мизбонии Русия дар шаҳри Санкт-Петербурги ин кишвар баргузор шуд.

Бар асоси гузориши дафтари матбуъотии раёсати Ҷумҳурии Русия дар ин нишаст, ки дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор шуд сарони кишварҳои ИДМ дар хусуси масоили марбут ба тақвияти ҳамкориҳои чандҷонибаи байни кишварҳои ширкаткунанда баҳсу табодули назар карданд.

Дар ин нишаст ҳамчунин масоили дорои моҳияти минтақаӣ ва байналмилалии мавриди алоқаи тарафҳо мавриди баҳсу барраси қарор гирифтанд.

Ин нишаст бо ибтикори Владимир Путин, раиси Ҷумҳурии Русия ва мушоркиати раисони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Белорус, Озарбойҷон, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон, Узбакистон ва нахуствазири Арманистон баргузор шуд.