Гуруснагӣ гиребонгири мардуми Афғонистон
(last modified Wed, 28 Dec 2022 13:33:50 GMT )
Декабр 28, 2022 18:33 Asia/Dushanbe
  • Гуруснагӣ гиребонгири мардуми Афғонистон

Бар асоси тозатарин гузоришҳо, Афғонистон бо гуруснагии шадид ва сатҳи болое аз ноамнии ғизоӣ рӯбарӯ аст.

Бар асоси гузоришҳои байналмилалӣ, бештари ҷамъияти ҳудӯди 40 миллионнафарии Афғонистон бо фақру гуруснагии шадид рӯбарӯ ҳастанд.

Дафтари Созмони милал дар Афғонистон эълом карда, наметавон чунин буҳронеро бидуни басиҷи комили ҷомеъаи байналмилалӣ маҳор кард. Пас аз тасаллути Толибон ва мусодира шудани ҳудӯди 10 миллиард доллар аз дороиҳои мардуми Афғонистон назди бонкҳои амрикоӣ, фақру гуруснагӣ ба гӯнае бесобиқа дар ин кишвар фарогир шудааст.

«Observer Research Foundation (ORF)» дар Ҳинд бо баррасии мақулаи ноамнии ғизоӣ дар 136 кишвар эълом кард, Афғонистон дар миёни кишварҳои ҷаҳон дар садри ин феҳрист қарор дорад.

Бар асоси таҳқиқоти ин бунёд, вазъияти заъифи иқтисодӣ ва иҷтимоии Афғонистон бар зиндагии кӯдакон таъсири манфӣ гузошта ва ноамнии ғизоиро афзоиш додааст.

Дар ҳамин ҳол, вазорати беҳдошти Афғонистон эълом кард, ҳудӯди 2.8 миллион кӯдак ва зани Афғонистон ба камбуди ғизо мубтало шудаанд.

Бар асоси ин гузориш, Ҳинд, Покистон, Бангладеш, Непол ва Шри-Ланка кишварҳое ҳастанд, ки ба далели шароити иқтисодии заъиф бо ноамнии ғизоӣ мувоҷеҳ ҳастанд.