Идомаи сиёсатҳои чолишбарангези Толибон ва ояндаи Афғонистон
Сиёсатҳои давлати муваққати Толибон, ба вижа мамнуияти таҳсили духтарони мадориси пояи болои шашуми Афғонистон ва мамнуияти таҳсили духтарон дар донишгоҳҳо ба чолиши асосии дохиливу хориҷӣ барои ин гуруҳ табдил шудааст. Ба тавре, ки ҷомеаи байналмилалӣ ҳозир ба ҳамкорӣ бо Толибон нестанд.
Гуруҳи Толибон, ки аз августи соли 2021 дар Афғонистон ба қудрат расидааст, ҳамчунон бо чолиши машруияти байналмилалӣ мувоҷеҳ аст ва тасмими ҳафтаи гузаштаи ҳукумати Толибон дар хусуси мамнуияти таҳсили духтарон дар донишгоҳҳо, интиқодҳоро нисбат ба ин гуруҳ афзоиш додааст.
Гуруҳи Толибон дар баёнияе таҳсили духтаронро дар донишгоҳҳои ин кишвар мамнуъ эълом кард. Ин иқдомоти ҳукумати Толибон бо эътирози густарда дар дохилу хориҷи Афғонистон рӯ ба рӯ шудааст.
Дар ин замина Ҳусайн Иброҳим Тоҳо, дабири кулли Созмони Ҳамкории Исломӣ корзореро барои фароҳам шудани заминаи омӯзиш барои духтарони Афғонистон хостор шуд. Ҳусайн Иброҳим Тоҳо дар баёнияе эълом кард, мамнуияти рафтани духтарон ба донишгоҳҳову мадорис тавҷеҳи шаръӣ надорад ва тасмими ҳукумати Толибон дар бораи мамнуияти бонувон аз омӯзиш дар мадорису донишгоҳҳо ба ин баҳона, ки ин дар таззод бо шариат аст, пазируфтанӣ нест.
Ҳукумати Толибон бо баҳона қарор додани иҷрои шариати исломӣ, тасмими худро дар заминаи манъи таҳсили духтарон бо тавҷеҳи фароҳам набудани зерсохтҳо барои таҳсили онон амалӣ кард ва то кунун қавлҳои худро барои бозкушоии мадориси духтарона амалӣ накардааст.
Дар ин замина шайх Аҳмад Тайиб, раиси Донишгоҳи Алазҳар ва раиси Шурои уламои ҷаҳони Ислом бо ғайримантиқӣ хондани иқдоми Толибон дар бораи мамнуияти занону духтарон аз омӯзиш, аз ин гуруҳ хоста буд то дар ин бора таҷдиди назар кунад.
Мардуми Афғонистон, ба вижа занон, ки солҳо аз ҷангу даргирии ношӣ аз ишғолгарии низомиёни амрикоӣ хаста шуда буданд, ин бор ва дар ҳукумати Толибон бо мамнуияти таҳсили духтарон дар мадорис, донишгоҳҳо ва ҷои кор рӯ ба рӯ шудаанд, ки ин маҳдудиятҳову ҳаром эълом карданҳо боиси афзоиши мухолифатҳо бо ҳукумати Толибон дар Афғонистон шудааст.
Доноӣ ҳаққи ҳар инсоне аст ва дар шариати исломӣ аҳамияти доноӣ ва касби илм мавриди таъкид аст. Дар ҳамин пайванд Фарҳоди Аброр, устоди донишгоҳ мегуяд: «Мухолифат бо бозкушоии мадорису донишгоҳҳо ба рӯйи духтарони афғонистонӣ фосила миёни мардуми Афғонистону Толибонро бештар мекунад».
Донишҷӯёни писари донишгоҳҳои хусусиву давлатӣ дар Афғонистон ҳам ахиран бо ташкили копайне эълом карданд, то замоне, ки духтарон ба донишгоҳҳо барои идомаи таҳсил бознагарданд, онон низ сари дарс ҳозир нахоҳанд шуд. Ин компайн, ки нишондиҳандаи ҳамбастагии донишҷӯёни писари Афғонистон бо донишҷӯёни духтари ин кишвар ва таъкид бар иттиҳод дар ин замина ва нахустин нишонаҳои ҷумбиши эътирозӣ ба ин тасмими Толибон дар Афғонистон аст, то замоне ки гуруҳи Толибон дар ин тасмими худ таҷдиди назар накунад, доманаи эътирозоти дохилӣ ҳам афзоиш меёбад ва ин гуруҳ дар идораи Афғонистон бо чолиши ҷиддӣ мувоҷеҳ мешавад.
Аз чолишҳои ҷиддӣ ки Толибон аз замони рӯйи кор омадани муҷаддад барои идомаи ҳукумати худ бо он рӯ ба рӯ ҳастанд, эҳтиёҷи мубрам ба кумакҳои байналмилалӣ аст ва ин рӯйкарди табъизомези Толибон дарёфти кумакҳои байналмилалиро бо мушкил рӯ ба рӯ кардааст. Ин дар ҳолест, ки мардуми Афғонистон дар ҳоли ҳозир дар вазъияти бади иқтисодиву инсонии ношӣ аз бист соли ишғолгариву ҷанги низомиёни амрикоӣ ба сар мебаранд.
Комисари олии ҳуқуқи башари Созмони Милал дар вокуниш ба ин тасмимҳои Толибон эълом кард, ин вазъият бар зарфияти хадамотрасонии созмонҳои имдодрасону кумакрасон ба афроди осебпазир дар Афғонистон таъсири манфӣ дорад.
Комисари олии ҳуқуқи башари Созмони Милал дар гузорише ба нишасти Шурои амнияти СММ, иттихози роҳкорҳои лозимро барои идомаи кумакрасонӣ ба мардуми ниёзманди Афғонистон бо ҳаддиаксари зарфият хостор шуд. Ин кумакрасонӣ бар асоси изҳороти Комисари олии ҳуқуқи башари Созмони Милал муяссар нахоҳад шуд, магар инки Толибон заминаи ташкили давлати фарогирро фароҳам кунад то расман шинохта шавад. Пешшарти ташкили давлати фарогир бо мушорикати ҳамаи ақвому аҳзоб аз замони бозгашти муҷаддади Толибон то кунун ба таври ҷиддӣ матраҳ аст ва акнун иҷрои тарҳи мамнуияти таҳсили духтарон бар доманаи мушкилоти Афғонистон изофа шудааст.
Бо тавваҷуҳ ба ин масоил, интизор мерафт Толибон таҳти фишорҳои дохиливу байналмилалӣ водор ба ақибнишинӣ аз мавзеаш дар мавриди манъи иштиғолу таҳсили духтарон дар донишгоҳҳо шавад, аммо бо ин рӯйкард дороиҳои басташудаи Афғонистон озод нахоҳад шуд, фақру маҳрумияти ҷомеаи Афғонистон афзоиш хоҳад ёфт ва ояндаи Толибон бо тавваҷуҳ ба афзоиши мухолифатҳои дохилӣ дар ибҳом қарор хоҳад гирифт.
Дар як ҷамъбандӣ метавон гуфт, танҳо роҳи бурунрафти Афғонистон аз мушкилоти мавҷуд, ташкили давлати фарогир бо мушорикати ҳамаи ақвому аҳзоб ва ба расмият шинохтани ҳуқуқи занон ба унвони ниме аз ҷамъияти Афғонистон, ба вижа лағви мамнуияти таҳсили духтарону парҳез аз ҳар гуна тасмимгирии эҳсосӣ аст то ояндаи хубе барои мардуми ин кишвар рақам бихурад.