Январ 11, 2023 12:44 Asia/Dushanbe
  • Саҳмияи 6 ҳазор нафарии ҳаҷ барои Қирғизистон
    Саҳмияи 6 ҳазор нафарии ҳаҷ барои Қирғизистон

Арабистони Саъудӣ барои Қирғизистон саҳмияи 6 ҳазор нафари ҷиҳати адои маносики ҳаҷ дар соли 2023 ихтисос дод.

Ба гузориши радиоии тоҷикии Садои Хуросон, Муфти Замир Рокиф бо  Абдулфатоҳ Бин Салмон муовини вазири ҳаҷ ва зиёрати Арабистон дидор кард.

Дар ин нишаст тарафайн тавофуқномаеро дар мавриди созмондеҳии сафари зиёрати дар  соли 2023 имзо карданд.

Муовини вазири ҳаҷ ва зиёрати Арабистон гуфт: Саҳмияи 6 ҳазор нафари барои зоирони Қирғизистон дар назар гирифта мешавад аммо ба сурати  вахомати вазъияти  эпидемиология, саҳмия коҳиш меёбад ва мумкин аст маҳдудиятҳо эъмол шавад.

Муфти хотирнишон кард, ки 4313 шаҳрванд аз соли 2019 дар сафи ҳаҷ ҳузӯр доранд.

 

Барчасп