Инфиҷор дар Кобул
Бар асари инфиҷор дар наздики сохтмони вазорати умури хориҷаи Афғонистон, дар маркази Кобул, чанд нафар кушта ва захмӣ шуданд.
Афғонистон пас аз қудрат гирифтани дубораи гуруҳи Толибон дар ин кишвар ҳам шоҳиди инфиҷорҳову ҳамалоти террористӣ дар манотиқи мухталифи ин кишвар, аз ҷумла Кобул будааст, ки бар асари он даҳҳо нафар куштаву захмӣ шуданд.
Аксари ин инфиҷорҳоро гуруҳи террористии ДИИШ бар ӯҳда гирифтааст.
Инфиҷорҳои террористӣ дар манотиқи мухталифи Афғонистон нишон медиҳад, ки бар хилофи иддаои давлати муваққати Толибон дар Афғонистон, ин давлат натавонистааст амнияти лозимро дар кишвар барқарор кунад.
Ба гузориши шабакаи “Алҷазира”, ба нақл аз манобеи амниятӣ дар Кобул, дар инфиҷори асри чаҳоршанбе наздики мақарри вазорати хориҷаи Афғонистон дар маркази Кобул чанд нафар куштаву захмӣ шуданд.
Ин манбаъ ба ҷузиёти бештар ишорае накард.