Январ 14, 2023 21:50 Asia/Dushanbe
  • Судӯри 300 ҳазор тон нафт аз Қазоқистон ба Олмон

Ширкати «Казахстан Ойл»-и Қазоқистон аз дарёфти таъйидияи вазорати энержии Русия барои интиқоли 300 ҳазор тон нафт ба Олмон аз тариқи хутути лӯлаи ширкати давлатии «Транс Нафт», хабар дод.

Ширкати «Казахстан Ойл»-и Қазоқистон эълом карда, ки дар се моҳаи аввали соли 2023 аз тариқи системаи хутути лӯлаи аслии ширкати «Транснафт»-и Русия ба Олмон нафт арза мекунад. Дар ин маврид дар барномаи таъйид шуда аз сӯи вазорати энержии Русия барои транзити нафти кишварҳои ИДМ аз тариқи Қазоқистон матраҳ шудааст.

Ба гуфтаи Болат Акчулаков, вазири энержии Қазоқистон ин кишвар метавонад ба Олмон то 6 миллион тон нафт дар сол содир кунад.

Бинобар ин навишта, транзити нафти қазоқ дар чорчӯби тавофуқномаи марбута байни давлати Қазоқистону давлати Русия аз таърихи 7 июни соли 2002 анҷом хоҳад шуд.

Пеш аз ин гузориш шуда буд, ки Русия омодаи пуштибонӣ аз транзити нафти Қазоқистон ба Олмон аст.

 

Барчасп