Фасли сармо ва мушкилоти мардуми Афғонистон
Ба дунболи сармо дар Афғонистон, нархи нон дар вилояти Фориёби ин кишвар ба 35 афғонӣ расидааст.
Афғонистон аз рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи гузашта рӯзҳои ба шиддат сардро таҷруба мекунад, ки дар муқоиса бо солҳои гузашта камсобиқа будааст.
Мардуми шаҳри Маймана, маркази вилояти Фориёб дар шимоли ғарби Афғонистон, имрӯз (душанбе) ба расонаҳо гуфтанд, як нонро то 35 афғонӣ харидаанд. Пеш аз ин, баҳои як нон дар шаҳри Маймана 10 афғонӣ буд.
Мардуми шаҳри Маймана масулон ва мақомоти ҳукумати Толибонро ба бетаваҷҷуҳӣ дар кантроли қиматҳо муттаҳам кардаанд.
Дар ҳамин ҳол, нановоён дар Маймана афзоиши баҳои маводи сӯхт, орд ва камбуди оби беҳдоштиро аз далоили афзоиши баҳои нон унвон мекунанд.
Дар рӯзҳои ахир дастикам ҳафтнафар бар асари сармои шадиду масмӯмияти ношӣ аз истишмоми газ дар манотиқи мухталифи Афғонистон ҷон бохтанд.
Бориши сангини барф дар рӯзҳои гузашта танҳо бузургроҳи Кобул ба шимоли Афғонистон ва ҳамчунин масирҳои рустоӣ дар бисёре аз манотиқи ин кишварро масдӯд кард, ки бисёре аз ин масирҳо ҳамчунон масдӯд аст.