Пайвастани футболисти тоҷик ба тими Насафи Узбакистон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i97362-Пайвастани_футболисти_тоҷик_ба_тими_Насафи_Узбакистон
Футболисти тоҷик бо мудирони бошгоҳи “Насаф”-и Узбакистон қарордоди ҳамкорӣ имзо кард.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Январ 25, 2023 18:32 Asia/Dushanbe
  • Қарордоди Муҳаммадҷон Раҳимов бо “Насаф” то поёни соли 2023 аст
    Қарордоди Муҳаммадҷон Раҳимов бо “Насаф” то поёни соли 2023 аст

Футболисти тоҷик бо мудирони бошгоҳи “Насаф”-и Узбакистон қарордоди ҳамкорӣ имзо кард.

Муҳаммадҷон Раҳимов, нимҳимоятгари 24 солаи тими миллии Тоҷикистон бо бошгоҳи футболи “Насаф”-и вилояти Қаршии Узбакистон қарордоди ҳамкорӣ имзо кард.

Қарордоди Муҳаммадҷон Раҳимов бо “Насаф” то поёни соли 2023 аст.

Раҳимов пеш аз ин дар бошгоҳҳои футболи “Равшан”, “Ҳосилот” ва “Истиқлол”-и Тоҷикистон ва ҳамчунин дар “Ордабаси”-и Қазоқистон бозӣ кардааст.

Муҳаммадҷон Раҳимов аз соли 2016 дар тими миллии Тоҷикистон бозӣ мекунад. Ӯ 42 бозии миллӣ анҷом дода ва ду голи миллӣ ба самар расонидааст.