Воридоти нафту газ аз Қазоқистон ба Тоҷикистон
(last modified Wed, 25 Jan 2023 15:59:52 GMT )
Январ 25, 2023 20:59 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкориҳои дуҷонибаву чандҷонибаи Тоҷикистон ва Қазоқистон
    Ҳамкориҳои дуҷонибаву чандҷонибаи Тоҷикистон ва Қазоқистон

Мавзӯи воридоти нафту газ аз Қазоқистон ба Тоҷикистон дар шаҳри Остона мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Хайруллоҳ Ибодзода, сафири фавқулода ва томулихтиёри Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурии Қазоқистон бо Болат Оқчулоқов, вазири энержии ин кишвар дар таърихи 24 январ дидору гуфтугӯ кард.

Ба гузориши “Ховар”, ба нақл аз Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин дидор сатҳи феълӣ ва чашмандози ҳамкориҳои дуҷониба ва чандҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷумҳурии Қазоқистон дар заминаи обу энержӣ ва воридоти нафту газ аз Қазоқистон ба Тоҷикистон мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.