Январ 29, 2023 13:02 Asia/Dushanbe
  • Эътои фармондеҳи кулли неруҳои мусаллаҳи Туркманистон ба Сардор Бердимуҳаммадов
    Эътои фармондеҳи кулли неруҳои мусаллаҳи Туркманистон ба Сардор Бердимуҳаммадов

Бино бар мусавабаи маҷлиси Туркманистон фармондеҳи кулли неруҳои мусаллаҳ ва болотарин дараҷаи низомӣ ба раиси ҷумуҳрии ин кишвар эъто шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, маҷлиси Туркманистон дар баёнияе эълом кард: Бар асоси модаи 81 қонуни асосии Туркманистон, маҷлиси Туркманистон тасмим мегирад ба раиси ҷумҳур фармондеҳи олиии неруҳои мусаллаҳ ва дараҷаи низомии генерал майори артиш эъто кунад.

Хотирнишон мешавад, ки пеш аз ин Қурбонқули Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳурии собиқи Туркманистон ба унвони раҳбари милли муъаррифи ва ихтиёроти вай низ мушахас шуда буд.

Акнун бар асоси фармони ҷадид вай ҳақи доим дорад, ки бо мардуми кишвар суҳбат кунад ва метавонад дар ҷаласоти парлумони Туркмаснитон ва ҳамчунин дар ҷаласот ва кангреҳҳои аҳзоби сиёсӣ суханрони кунад.

Қурбонқули Бердимуҳаммадов дар марти соли 2022 мақоми раёсати ҷумҳуриро тарк кард дар ҳамон моҳ интихоботи зудҳангоми раёсати ҷумҳури баргузор шуд, ки Сардор Бердимуҳаммадов писараш пируз шуд.

Барчасп