Азсаргири раванди судури раводиди гардишгарии Эрон дар Ҳирот
(last modified Mon, 30 Jan 2023 13:23:22 GMT )
Январ 30, 2023 18:23 Asia/Dushanbe
  • Азсаргири раванди судури раводиди гардишгарии Эрон дар Ҳирот
    Азсаргири раванди судури раводиди гардишгарии Эрон дар Ҳирот

Сарконсулгарии Эрон дар Ҳироти Афғонистон эълом кард: Раванди сабтиноми раводиди гардишгарӣ дар коргузориҳои ин намояндагӣ барои шаҳрвандони ғарби Афғонистон бори дигар оғоз шуд.

Сарконсулгарии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҳирот эълом кард: Аз имруз душанбе номависии фурмҳои ҷанҳонгарди бин бар тавофуқи ба амал омада бо мақомоти вилояти Ҳирот сирфан аз тариқи дафтарҳои коргузории таҳти назорати ин консулгари анҷом мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон дар идомаи ин иттилоъия омада аст мутақозиён раводиди Ҷумҳурии Исломии Эрон метавонанд бо дар даст доштани гузарномаи муътабар ва дигар мадорик ба яке аз дафтарҳои коргузории таҳти назорати ин намояндагӣ муроҷиъа кунанд.

Бар асоси ин иттилоъия судури раводид бо таваҷуҳ ба зарфияти сарконсулгарии Ҷумҳурии Исломии Эрон таъин ва иттилоърасони хоҳад шуд.

Иттилоъия меафзояд: Дар хусуси замони шуруъи фаъолияти дафтарҳои коргузории таҳти назорати ин консулгари дар ҳар яке аз вилояти Ғур, Бодғис ва Фароҳи Афғонистон мутаъоқибанд иттилоърасони хоҳад шуд.

Тавақуфи судури раводид сабаб шуд то чандин мартаба масъулони маҳаллии Ҳирот ва сарконсулгарии Эрон нишастҳоеро баргузор кунанд, ки дар натиҷа ба идомаи кори корггузорҳои таҳти назорати консулгари ҷиҳати номнависии мутақозиёни раводиди гардишгарӣ ба тавофуқ расиданд.