Суъуди 14 зинаӣ Қазоқистон дар феҳрасти ҷаҳонии гардишгарӣ
(last modified Mon, 30 Jan 2023 14:41:12 GMT )
Январ 30, 2023 19:41 Asia/Dushanbe
  • Саъуди 14 зинаӣ Қазоқистон дар феҳрасти ҷаҳонии гардишгарӣ
    Саъуди 14 зинаӣ Қазоқистон дар феҳрасти ҷаҳонии гардишгарӣ

Вазорати фарҳанг ва варзиши Қазоқистон гуфт: Ин кишвар бо суъуди 14 рутбаӣ дар ҷойгоҳи 66 феҳрасти маҷмаъи ҷаҳонии иқтисоди гардишгарӣ қарор гирифта аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Асхат Орлов, вазири фарҳанг ва варзиши Қазоқистон аз беҳбуди ҷойгоҳи ин кишвар дар рутбабандии маҷмаъи ҷаҳонии иқтисоди гардишгарӣ хабар дод.

Вай бо ишора ба гузориши маҷмаъи ҷаҳонии иқтисод гуфт: Қазоқистон дар феҳрасти ҷаҳонии гардишгарӣ 14 рутба суъуд карда аст ба шакле ки Остона дар соли 2019 дар рутбаи 80 қарор дошт, аммо дар поёни соли 2021 амалкарди худро беҳбуд бахшид ва дар рутбаи 66 қарор гирфт.

Бар асоси суханони вазири Қазоқистон ин кишвар барои зершохисаҳои фарди имконоти бололи дар рутбабанди дорад ба унвони мисол ин кишвар аз назари рақобатпазири нарх дар рутбаи аввал аз назари фасли будан вурудиҳои байналмилали рутбаи 26 ва аз назари алоқа ба ҷозибаҳои фарҳангӣ рутбаи 37-ро дорад.

Вай хотирнишон кард: Шохисаи тавсеъаи ҷаҳонии сафар ва гардишгари ҳар ду сол як бор мунташир мешавад ва кишварҳоро бар асоси беш аз 100 шохисаи фарди арзёби мекунад.

Ба гуфтаи вазири фарҳанг ва варзиши Қазоқистон теъдоди гардишгарони хориҷӣ, ки дар соли 2022 аз ин кишвар боздид карданд 3 баробар афзоиш ва теъдоди кулли ҷаҳонгардони хориҷӣ ба 610 ҳазор расида аст барои муқоиса бар асоси натоиҷи 9 моҳи соли 2021 мелоди 208.5 ҳазор меҳмони хориҷӣ аз Қазоқистон боздид карда аст.