Рушди равобит меҳвари дидори мақомоти Узбакистон ва Фаластин
(last modified Mon, 06 Feb 2023 16:36:14 GMT )
Феврал 06, 2023 21:36 Asia/Dushanbe
  • Рушди равобит меҳвари дидори мақомоти Узбакистон ва Фаластин
    Рушди равобит меҳвари дидори мақомоти Узбакистон ва Фаластин

Сарпарасти Вазорати корҳои хориҷаи Узбакистон ва сафири Фаластин дар ин кишвар дар дидор дар шаҳри Тошканд чигунаги ва чашмандози рушди равобити дуҷониба дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, бозаргонӣ ва фарҳангиро барраси карданд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Бахтиёр Саидов сарпарасти Вазорати корҳои хориҷаи Узбакистон ва Ҷавом Муҳаммад Овод, сафири Фаластин дар ин кишвар дар ин дидор барои ҳамкории тарафайн дар чорчуби Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар ниҳодҳои байналмилали таваҷуҳи вижа доштанд.

Тарафайн дар мавриди баргузории маросимҳои муштараки қарибулвуқу дар бахшҳои мухталиф табодули назар карданд.

Фаластин истиқлолияти Узбакистонро дар таърихи 30 декабри соли 1991 ба расмият шинохт ва дар 25 сентябри соли 1994 байни ду кишвар равобити дипломотик барқарор шуд.