Феврал 08, 2023 19:32 Asia/Dushanbe
  • Тавсеаи равобит ; меҳвари дидори мақомоти Узбекистону Қирғизистон

Сарпарасти Вазорати умӯри хориҷаи Узбекистону муовини аввали вазири хориҷаи Қирғизистон дар дидоре дар шаҳри Тошканд чигунагии тавсеаи равобити дуҷонибаро баррасӣ карданд .

Ба гузориши хабаргузории Форс, Бахтиёр Саъидов-сарпарасти Вазорати хориҷаи Узбекистон ва Усейн Исоев-муовини аввали вазири умӯри хориҷаи Қирғизистон дар ин дидор натоиҷи сафари расмии Шавкат Мирзиёев-раиси Ҷумҳурии Узбекистон ба Қирғизистон дар рӯзҳои 26 ва 27 январи соли ҷории милодӣ бо таъкид бар иқдомоти муштараки мабнӣ бар иҷрои ҳамаҷонибаи тавофуқоти ба даст омада дар сатҳи олӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт .

 

Барчасп