Иддаои Толибон дар бораи тақвияти низоми таҳсили Афғонистон
Муъовини кобинаи давлати мувақати Толибон иддао кард: Ин гуруҳ барои тақвияти низоми таҳсилии Афғонистон талош мекунад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, мавлави Абдусаломи Ҳанаӣ, муъовини кобинаи Толибон дар ҳамоиши се рузаи динӣ-илмӣ барои устодони ниҳодҳои таҳсили бо таъкид бар бознигарии меъёрҳои таҳсили гуфт: Дар ростои тақвияти низоми таҳсилии кишвар барои расидан ба як Афғонистони худкафо аз ҳеҷ кумак ва ҳамкорие дареғ нахоҳад кард.
Ҳанафӣ бо қадрдони аз ҷойгоҳ ва аҳамияти устодон дар ҷомеъа ва нақши онҳо дар тарбияти ҷавонони Афғонистон гуфт: Ба далели чаҳор даҳа ҷанг ва ишғолгари кишвар хисороти ҷубронопазир дид ва барои ҷуброни ин хисоратҳо ба афроди таҳсилкарда низёмандем.
Мавлавӣ Нидомуҳаммад Надим вазири омузиши олии Толибон ҳам дар ин ҳамоиш гуфт: Ҳукумати Толибон ба таҳсил ва таълими ҷавонон дар парвати арзишҳои динӣ ва миллии худ мутаъаҳид аст.