Феврал 19, 2023 22:55 Asia/Dushanbe
  • Зилзила дар Бадахшони Афғонистон
    Зилзила дар Бадахшони Афғонистон

Вилояти Бадахшон дар шимоли шарқи Афғонистон барои дувумин бор дар ин ҳафта бар асари зилзила ларзид.  

Расонаҳо хабар доданд, зилзилае ба бузургии 4.2 Риштер имрӯз якшанбе вилоятҳои Бадахшон ва Тахор, дар шимоли шарқи Афғонистонро ларзонд.

Ин заминларза пеш аз зӯҳри имрӯз ба вақти маҳаллӣ рух дода, аммо ҳанӯз аз хисорот ва талафоти эҳтимолии он гузорише мунташир нашудааст.

Ҳафтаи гузашта низ бар асари вуқуи зилзила даҳҳо хона дар Бадахшон ва Тахор тахриб шуда буд.

 

Барчасп