Боздошти 18 нафар дар пайи ҳамла ба рӯзноманигорон дар Қазоқистон
(last modified Wed, 22 Feb 2023 15:34:46 GMT )
Феврал 22, 2023 20:34 Asia/Dushanbe
  • 18 нафарро ба иттиҳоми мушорикат дар ҳамла ба рӯзноманигорон боздошт шуданд
    18 нафарро ба иттиҳоми мушорикат дар ҳамла ба рӯзноманигорон боздошт шуданд

Неруҳои амниятии Қазоқистон 18 нафарро ба дунболи ҳамла ба рӯзноманигорон дар ин кишварбоздошт карданд.

Дар фосилаи замонии 20 сентябри 2022 то 20 феврали 2023 дар Алмаато ва Остона, ду шаҳри бузурги Қазоқистон бархе иқдомоти ғайриқонунӣ зидди шаш рӯзноманигор, блогер ва як шахси муртабит бо фаъолиятҳои рӯзноманигорӣ сурат гирифт.

Ба гузориши рӯзи чаҳоршанбеи “Франс пресс”, полиси Қазоқистон дар баёнияе эълом кард, дар ҳамин росто 18 нафарро ба иттиҳоми мушорикат дар ҳамла ба рӯзноманигорон, интишори иттилоот дар хусуси зиндагии хусусии афрод ва тахриби амдии амволи умумӣ ва авбошигарӣ боздошт шуданд.

Ин боздоштҳо чанд рӯз пас аз инфиҷори ду мошини мутааллиқ ба тасвирбардори як рӯзноманигори таҳқиқӣ сурат гирифтааст.