Тадвини роҳбурди ҷадиди ҳамкории Бонки рушди осиёӣ ва Туркманистон
(last modified Mon, 27 Feb 2023 14:37:36 GMT )
Феврал 27, 2023 19:37 Asia/Dushanbe
  • Тадвини роҳбурди ҷадиди ҳамкории Бонки рушди осиёӣ ва Туркманистон
    Тадвини роҳбурди ҷадиди ҳамкории Бонки рушди осиёӣ ва Туркманистон

Ортур Андрисёк, мудири кишварии Бонки рушди осиёӣ барои Туркманистон аз тадвини стратегияи ҷадиди ҳамкори бо ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба гуфтаи Ортур Андрисёк мудири кишварии Бонки рушди осиёӣ дар ҳоли ҳозир 2 тарҳ дар Туркманистон дар марҳалаи рушд ва пешрафт қарор доранд, ки ба тақвияти имконияти ширкатҳои кучак ва миёнаи содиркунанда дар бахши моли ва ҳамчунин афзоиши зарфияти бахши беҳдошти кумак мекунанд.

Ортур афзуд: Бонки рушди осиёӣ ҳамзамон руи арҳҳои ҷадид дар бахши энержи ва ҳамлунақл аз ҷумла дар бахши роҳиоҳан барои кумак ба Туркманистон ҷиҳати густриши равобити тиҷорӣ ва сармоягуозрии худ бо дигар кившарҳо дар чорчуби барномаи ҳамкории иқтисоди минтақаи Осиёи Марказӣ тамаркуз дорад.

Мудири кишварии Бонки рушди осиёӣ гуфт: Стратегияи ҳамкории иқтисоди минтақаи Осиёи Марказӣ-2030 заминаҳои бештареро барои мушорикати Туркманистон дар тарҳҳои минтақаӣ монанди суботи иқтисодӣ ва молӣ, тағироти обуҳаво ва муҳити зист, беҳдошту омузиш, гардишгарӣ, иртиботи диҷитоли, муқобила бо балоҳои табиъи ва ҳамчунин кишоварзӣ ва манобеъи оби мегушояд.