Март 02, 2023 10:27 Asia/Dushanbe
  • Аз саргирии парвозҳои масири Тошканд-Пекин
    Аз саргирии парвозҳои масири Тошканд-Пекин

Ширкати "China Southern Airlines" Чин парвозҳои масири Пекин-Тошкандро аз сар мегирад.

Ба гузориши Садои Хуросон, ширкати "China Southern Airlines"  Чин парвозҳои масири Пекин -Тошкандро аз сар мегирад. Нахустин парвоз барои  26-уми март барномарези шудааст.

Барномарези  шудани  парвозҳо бо ҳавопаймои Айрбус (Airbus) "A330-200"   ҳафтаи ду бор рӯзҳои душанбе ва ҷумъа анҷом шавад.

Дар ҳоли ҳозир ин ширкати ҳавопаймоӣ ҳамчунин дар масири  Урумчӣ ва Ташкенд низ як бор дар ҳафта рӯзҳои чаҳоршанбе парвозҳои муназзам анҷом медиҳад.

Ширкати  "China Southern Airlines"  мустақар дар "Гуанчжоу" Чин, бузургтарин ширкати ҳавопаймоии Осиё аз назари андозаи новгон ва бузургтарин ширкати ҳавопаймоии Осиё аст.

Ширкати миллии Узбекистон  Айрвайс (Uzbekistan Airways) парвозҳои муназзами худ ба Чин (Пекин ва Урумчӣ)-ро дар пайи авҷ гирифтани вируси  Короно аз 4-уми фаврали соли 2020 мелодӣ мутавақиф карда буд.

Барчасп