Март 04, 2023 17:37 Asia/Dushanbe
  •  Узбекистон ва Қазоқистон ширкати тиҷории хориҷии муштарак таъсис карданд

Узбекистон ва Қазоқистон як ширкати тиҷории хориҷии муштарак таъсис карданд, ки ҳадафи он афзоиш мубодилоти бозаргонӣ ва ҳамчунин вуруд ба бозорҳои кишварҳои сеюм аст.

Маркази тавсеаи сиёсати тиҷорати «Қазтрейд» ва ширкати «Узтрейд», муассисони ин ширкати содирот ва воридот ҳастанд.

Ин ширкати тиҷории хориҷӣ дар заминаҳои анҷоми мутолиоти бозор ва таҷзияву таҳлили рақобати маҳсулоти ширкатҳои бузурги ду кишвар, танзими пешниҳодот барои сабти суфоришот барои тавлиди колоҳои сохта шуда, беҳинасозӣ ва ҳамоҳангии фарроянди тиҷорати мутақобил, кумак ба тоҷирон дар судури гувоҳинома ва равнақи содирот фаъолият мекунад.

Нуралӣ Боқихонов, раиси Маркази тавсеаи сиёсати тиҷорат гуфт: дар марҳалаи аввал барномарезӣ шуда аз Узбакистон мева ва сабзиҷот харидорӣ шавад то ниёзҳои бозори дохилии мо таъмин шавад. Илова бар ин, мо ба фурӯш ва фароварии орди Қазоқистон дар Узбакистон бо имкони содирот ба Афғонистон кумак хоҳем кард. Мо бо тарафи Узбакистон дар мавриди ироаи тасҳилот барои ҳазинаҳои луҷустик ба тавофуқ расидем.

Мубодилоти  бозаргонии ду кишвар дар соли 2022 ҳудуди 5 миллиарддоллар буд.

 

Барчасп