Ҳамкории парлумони меҳвари дидори мақомоти Узбакистон ва Қатар
(last modified Mon, 06 Mar 2023 15:12:59 GMT )
Март 06, 2023 20:12 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории парлумони меҳвари дидори мақомоти Узбакистон ва Қатар
    Ҳамкории парлумони меҳвари дидори мақомоти Узбакистон ва Қатар

Раиси сенати Узбакистон ва раиси шурои машваратии Қатар густариши ҳамкориҳои парлумониро барраси карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Танзила Норбоева, раиси сенати Узбакистон, ки барои ширкат дар панҷумин иҷлоси Созмони Милали Муттаҳид дар кишварҳои камтар рушдёфта ба Қатар сафар кард бо Ҳасан инбни Абдуллоҳ Алғонам, раиси шурои машваратии ин кишвар густариши ҳамкориҳои байнипарлумониро барраси карданд.

Раиси сенати Узбакистон изҳор дошт: Мо муътақидем, ки густариши ҳамкориҳои мутақобил бо парлумони Қатар яке аз абъоди авлавиятдор аст гуруҳҳои дусти дар тақвияти гуфтугуи байнипарлумони нақши муҳими ифо мекунанд.

Мо дар моҳи марти соли 2022 аз эҷоди як гуруҳи дусти байнипарлумонии Қатар ва Узбакистон дар шурои машваратии Қатар истиқбол кардем мо хостори барқарории гуфтугуи муназарам байни гуруҳҳои дуси ҳастем.

Алғоним низ бо ишора ба ин ки Узбакистон як кишвари бо донишмандони бузург аст, ки ба ҷиҳати таърихи саҳми бузурги дар тамадуни исломӣ дошт бар аҳамияти густариши беш аз пеши ҳамкориҳои мутақобили судманди ҳамаҷониба таъкид кард.

Вай дар ин росто омодагии худро барои таҳкими равобити байнипарлумони дар сатҳи ҷадид аз тариқи талошҳои муштараки ду кишвар иброз кард.

Арзиши мубодилоти бозаргонии Узбакистон ва Қатар дар соли 2022 ҳудуди 4 миллону 800 ҳазор доллар буд.

Қатар дар 27 ноябри соли 1997 бо Узбакистон равобити дипломати барқарор кард.