Март 11, 2023 19:39 Asia/Dushanbe
  •  Узбакистон ва Қирғизистон 15 санади ҳамкорӣ имзо карданд

Дар чорчуби сафари нахуствазири Қирғизистон ба Узбакистон 15 санади ҳамкорӣ имзо шуд.


Дар сафари Оқилбек Ҷабборов, нахуствазири Қирғизистон ба Узбакистон беш аз 15 санади ҳамкорӣ, аз ҷумла роҳандозии хатти тавлиди худрав ва фановариҳои тиҷорӣ ва ҳамчунин тафоҳумнома дар мавриди тавлиди дору имзо шуд.

Барномаи иқдоми муштарак (нақшаи роҳ) барои иҷрои тавофуқоти ба даст омада дар чорчуби сафари расмии раисиҷумҳури Узбакистон ба Қирғизистон (26-27 январ соли 2023, Бишкек), «нақшаи роҳ» эҷоди марокизи тиҷорӣ (хонаҳои тиҷорӣ) сохти Қирғизистон дар Тошканд ва сохти Узбакистон дар Бишкек барои тиҷорати умда ва хӯрдафурӯшӣ, «нақшаи роҳ» пешбурди проектҳои аввлавиятдор низ байни Узбакистон ва Қирғизистон имзо шуд.

Ҳамчунин қарордоди ҳамкорӣ дар роҳандозии хатти тавлиди худрав ва фановариҳои тиҷорӣ дар Қирғизистон байни ширкати "Узавтосаноат" (Узбакистон), ширкати "Д.Т. техника"ва ширкати саҳомии «Нур» (Қирғизистон), ва чанд ширкати дигар қарордоди ҳамкорӣ ба арзиши 10 миллиондоллар, қарордоди мушорикати стратегӣ байни ширкати "Чирчик Маш Агро" (Узбекистан) (Узбакистон) ва корхонаи мошинсозии Бишкек (Қирғизистон) ба имзо расид.

 

Барчасп