Декабр 18, 2016 15:11 Asia/Dushanbe
  • Қазоқистон мизбонии музокироти сулҳи Сурияро пазируфт

Раисиҷумҳури Қазоқистон пешниҳоди раисони ҷумҳурии Русия ва Туркияро барои мизбонии музокироти сулҳи Сурия пазируфт.

Ба гузориши ИРНА, Нурсултон Назарбоев бо истиқбол аз пешниҳоди матраҳ шуда аз сӯи Владимир Путин ва Раҷаб Таийб Эрдуғон, омодагии Қазоқистонро барои мизбони муваффақ аз музокироти тарафҳои сурӣ эълом кард.

Музокироти сулҳи Сурия беш аз шаш моҳ қабл, бо худдории бархе гурӯҳҳои мусаллаҳи таҳти ҳимояти Арабистон ва таъйини пешшарти барканории Башор Асад мутаваққиф шуд.

Русия эълом кардааст, гуфтугӯҳо бояд мутобиқи мусаввабаҳои Шӯрои амният бидуни пешшарт бошад ва ояндаи ҳукумати Сурия низ бар асоси хости мардуми ин кишвар ва на фишорҳои хориҷӣ, таъйин шавад.