Сохти бозори байнисарҳадии “Андархон” дар марзи Тоҷикистону Узбекистон
(last modified Wed, 15 Mar 2023 07:18:07 GMT )
Март 15, 2023 12:18 Asia/Dushanbe
  • Сохти бозори байнисарҳадии “Андархон” дар марзи Тоҷикистону Узбекистон

Маркази тиҷоратию логистикии “Андархон” дар марзи Тоҷикистону Узбекистон сохта мешавад.

Ҳайати вилояти Суғди Тоҷикистон ба сарпарастии Раҷаббой Аҳмадзода, аз вилояти Фарғонаи Узбекистон боздид ва дар маросими оғози сохти ин марказ ширкат кард.

Устондори Фарғона, сафири Тоҷикистон дар Узбекистон ва тоҷирони устонҳои Суғду Фарғона дар маросим ҳузур доштанд.

Музаффар Юнусов, сухангӯи раиси вилояти Суғд гуфт: “Бозори байнисарҳадии “Андархон” дар масоҳати 5 гектар бунёд гардида, дар он 200 дӯкони савдо, бонк, ошхона ва қаҳвахона, меҳмонхона, маркази логистикӣ ҷойгир карда хоҳад шуд”.