Фаъолияти дубораи утоқи тиҷорати муштараки Эрону Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i99930-Фаъолияти_дубораи_утоқи_тиҷорати_муштараки_Эрону_Афғонистон
Пас аз таълиқи 18 солаи кори утоқи муштараки бозаргонии Ҷумҳурии исломии Эрону Афғонистон, ин утоқ дар соли ҷадиди шамсӣ бори дигар кори худро оғоз мекунад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Март 19, 2023 19:04 Asia/Dushanbe
  • Фаъолияти дубораи утоқи тиҷорати муштараки Эрону Афғонистон

Пас аз таълиқи 18 солаи кори утоқи муштараки бозаргонии Ҷумҳурии исломии Эрону Афғонистон, ин утоқ дар соли ҷадиди шамсӣ бори дигар кори худро оғоз мекунад.

Ба гузориши хабаргузории Садои афғон (Ово), Хонҷон Алкузай, узви ҳайати мудираи утоқи тиҷорату сармоягузории Афғонистон рӯзи якшанбе гуфт, бо ройзании масъулони ин кишвару Эрон, фаъолияти ин марказ пас аз 18 сол дар соли ҷадид аз сар гирфта мешавад.
Ба гуфтаи вай оғоз ба кори муҷаддади утоқи муштараки бозаргонӣ миёни ду кишвар дар густариши равобити тиҷории Эрону Афғонистон таъсири мусбате хоҳад дошт.