Май 25, 2023 12:48 Asia/Dushanbe
  • Набуди мудирияти саломатӣ дар арозии ишғолии Фаластин
    Набуди мудирияти саломатӣ дар арозии ишғолии Фаластин

Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ рӯзи чаҳоршанбе қатъномае дар бораи вазъияти саломатӣ дар Фаластини ишғолӣ ва масъулияти режими саҳюнистӣ тасвиб кард, ки дар он аз режими ишғолгари Тел-Авив хоста шудааст, саломати фаластиниёнро тазмин кунад.

Ин қатънома бо 76 раъйи мувофиқ, 13 раъйи мухолиф ва 35 раъйи бетараф дар поёни баррасии пешнависи лоиҳаи вазъияти саломатӣ дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин, аз ҷумла Қудси Шарқӣ ва баландиҳои Ҷавлони ишғолии Сурия ба тасвиб расид.

Ин қатънома бар расидагӣ ба ниёзҳои саломатии инсондӯстонаи мардум дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин тамаркуз дорад.

Дар ин қатънома омадааст: Набуди мудирияти саломатӣ дар арозии ишғолии Фаластин чолиши бузурге барои ироаи муассири муроқибатҳои беҳдоштӣ ба мардуми Фаластин аст.

Қатъномаи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ҳамчунин хитоб ба режими саҳюнистӣ меафзояд: Исроил ба унвони неруи ишғолгар масъулияти ҳифозат аз саломату таҳаққуқи ҳаққи беҳдоштии ҳамаи фаластиниҳои сокин дар Каронаи бохтарии ишғолӣ, аз ҷумла Байтулмуқаддаси Шарқӣ ва Навори Ғаззаро бар уҳда дорад.

 

Барчасп